Замин Бинно Биноҳои истиқоматӣ Биноҳои ғайриистиқоматӣ












Хизматрасониҳо:

Аз маълумотҳои Геопортал ва харитавии он ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ чунин иттилоот пешниҳод карда мешавад:

1. Мавқеи ҷойгиршавии қитъаи замин.

Дар харитаҳои таҳиягардидаи Геопортал, ки якчанд намудро (қабатро) ташкил медиҳад, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ имконият доранд мавқеи ҷойгиршавии хонаи истиқоматӣ/қитъаи замин/объектҳоро муайян намоянд. Инчунин, метавонанд суроғаи ҷуғрофии ҷойгиршавии қитъаи замин дар марзи маъмурии кадом шаҳр/ноҳия, ҷамоат, деҳа ё ин ки кӯча ҷойгир буданаш маълумот пайдо намоянд.

2. Нақшаи графикӣ

Тариқи тасвири (таҳияи) нақшаи графикӣ мавзеи ҷойгиршавӣ, андоза, намудҳои замин, ҷойгиршавии сарҳадҳои қитъаи замин, шакли геометрии он, шумораи қитъаҳои дахлдор, инчунин, объект, ҷойгиршавии биноҳо, иншоот дар он, нисбати дарё, канал, иншоотҳои обӣ, хатҳои баландшиддати барқ ва дигар молу мулки ғайриманқулро инъикос намудан мумкин аст.

3. Сарҳади қитъаи замин

Сарҳади қитъаи замин – ин хатҳое мебошанд, ки ҳудуди қитъаи заминро (объектро) муайян мекунад. Онҳо дар маҳал гузаронида шуда (дар асл), дар ҳуҷҷатҳои муқарраршуда нишон дода мешавад (нақша, нақшаи графикӣ).

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ сарҳадҳои дар маҳал гузаронидашударо бо ёрии Геопортал метавонанд бинанд ва дарозии тарафҳои сарҳадро муайян созанд.

4. Сервитутҳо

Ҳуқуқи маҳдуди истифодабарии қитъаи замин (минбаъд – сервитут) метавонад бо розигии тарафҳо (минбаъд – сервитути хусусӣ (ба розигӣ асосёфта)) ё дар мавриди зарурат дар асоси қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳрҳо ва ноҳияҳо (минбаъд – сервитути оммавӣ (маҷбурӣ)) муқаррар карда шавад.

Сервитут – ҳуқуқи шахс ва (ё) шахсон ба истифодаи маҳдуди қитъаи замин дар истифодаи дигар шахс қарордошта, ки бо тартиби муқарраргардида ба қайди давлатӣ гирифта шудааст.

Сервитути оммавӣ (маҷбурӣ) ҳамчунин аз ҷониби суд аз рӯи даъвои шахс дар мавриди ба даст овардани созиш дар бораи муқаррар намудани сервитути хусусӣ (ба розигӣ асосёфта) метавонад муқаррар карда шавад.

Сервитути хусусӣ (ба розигӣ асосёфта) ба қитъаи замин бо розигии тарафҳо, дар мавриди пайдо гардидани баҳс миёни заминистифодабарандагон бошад, дар асоси қарори суд муқаррар карда мешавад.

5. Ҳудуди муҳофизатшаванда

Ҳудуди муҳофизатшаванда – қаламрави махсус бо низоми махсуси истифода мебошад, ки дар атрофи объектҳо муқаррар карда мешавад, ки манбаъи таъсир ба муҳити зист ва саломатии инсон мебошад.

6. Ҷойгиршавии бинои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ, бинои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматии ҷудогона, иншоот ва объектҳои сохтмони нотамом дар қитъаи замин.

Ҳама гуна сохтмон дар боло ва зери замин сохташуда, ки барои истифодаи дарозмуддат пешбинӣ гардидааст ва бо замин алоқамандии зич дошта, бе расонидани зарар интиқоли он имконнопазир аст, таъинот, ҷойгиршавӣ ва андозаи он дар ҳуҷҷатҳои феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он сабт шудааст, бинои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ ном бурда мешавад.

Қисми дохилии бинои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ, ки бо деворҳо ва таҳвораҳо ҷудо карда шудаанд, бинои ҷудогона номида мешавад.

7. Суроғаи ҷойгиршавӣ ва рақами кадастрии қитъаи замин, бинои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ, бинои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматии ҷудогона, иншоот ва объектҳои сохтмони нотамом.

8. Таърихи пайдошавӣ/ивазшавии заминистифодабарандагон



Тамоми маълумотҳои аз Геопортал ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ пешниҳодшаванда «РОЙГОН» мебошад.



Айни ҳол Геопортали бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар ду шакл пешниҳод шудааст:
Барои шаҳрвандон ва барои кормандони корхонаҳои бақайдгирии фаръии давлатии минтақавӣ.

Барои ворид шудан мавқеи худро интихоб намоед!


ХАРИТАҲОИ ДАСТРАСИ УМУМ

Маълумотҳо оиди ҷойгиршавӣ, рақами кадастрӣ ва суроғаи объекти молу мулки ғайриманқул, ки айни ҳол аз бақайдгирии давлатӣ гузаштааст.

Воридшавӣ

БАРОИ КОРМАНДОН

Ин қисмат барои бақайдгирандагони корхонаҳои минтақавии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ба назар гирифта шудааст.

Воридшавӣ

Тамос бо мо!

Барои гирифтани маълумотҳои иловагӣ ба
Корхонаи воҳиди давлатии "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул"
шӯъбаи заминсозӣ муроҷиат намоед.


Тел: (+992) 93 834 34 84
Почтаи электронӣ: zaminsozi@registr-ni.tj